Вазифаи мо

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби П. Пӯлотов» — аввалин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 1996 бо ташаббуси профессори муҳтарам Пӯлотов Пӯлот Атаевич дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз намудааст. Ҳадафи асосии мактаб татбиқи пурраи Стандарти давлатии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи хонандагони соҳибистеъдод ва баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати насли наврас мебошад. Мактаб ба ташаккули ҳисси меҳнатдӯстӣ, зебопарастӣ, таҳаммулпазирӣ, муҳаббат ба Ватан ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти махсус медиҳад.

29+
Соли таҳсил дар мактаб
898
Талабагон
54
Муаллимон